Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо се нафар ноболиғонро боздошт намуданд. Онҳо дар як моҳ се дафъа хонаи як зани 37-соларо ғорат кардаанд.

Боздоштшудагон дар давраи аз аввали моҳи май то июн се маротиба хонаи занро ғорат намуда, ба сурати умум аз хонаи ин зан ба маблағи умумии 47 ҳазор сомонӣ воситаҳои пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва воситаҳои алоқаи мобилиро дуздидаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оӯоз гардида, даст доштани онҳо ба дигар ҳодисаҳои дуздӣ дар шаҳр санҷида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.