Мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс Умед Ғаффоров барои кӯшиши фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин боздошт шудааст, ҳарчанд ба ин соҳа ҳеҷ муносибате надошта бошад ҳам.

Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон, Умед Ғаффоров ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, барои мусоидат ва кумак ба гирифтани 0,12 гектар қитъаи замин ӯ аз сокини маҳаллӣ ба сифати пора 5 ҳазор доллар ва 8 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳияи Шаҳритӯус ирсол шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи октяри соли 2017 дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 20 соли охир қариб 2,5 ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзии ноҳия аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

«Заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфта, бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд, ки дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд», - таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.