Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар машварати раисони судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, 18 июн дар шаҳри Сочии Русия ширкат меварзад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Суди олии ҷумҳурӣ.

Дар машварат баррасии масъалаҳои кам кардани муҳлат ва шумораи парвандаҳои баррасинашуда дар сатҳҳои гуногуни низоми судӣ, механизми танзими тосудӣ ва истифодаи тартиботи оштидиҳӣ барои ҳаллу фасли баҳсҳо дар назар аст.

Раисони судҳои олии кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин масоили марбут ба истифодаи санадҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои оилавии кӯдакон, аз ҷумла марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои амволии кӯдаконро низ баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки дар машварат бобати бозбинии қарорҳои суд ва ҳукмҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии мавриди амал қароргирифта табодули таҷриба сурат гирад.

Ғайр аз ин, баррасии мушкилот ва дурнамои рушди истеҳсолоти судии маъмурӣ, ҳамчунин тадбирҳо оид ба тақвияти ҳокимияти судӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.