Роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович)-и 46-сола бо лақаби “Ҷинҷак”умри боқимондаи худро дар зиндонҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон паси сар мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамшед Абоев бо лақаби “Иван” ва дигарон моҳи августи соли 1999 дар маҳаллаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат, ки “Ҷинҷак” зодаи ҳамин ҷо мебошад, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз сокини шаҳри Ваҳдатд Шералӣ Юсуфов автомашинаи шахсиаш тамғаи “МАРК-2”, ки арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни тафтишот ҳамчунин маълум шуд, ки Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш моҳи августи соли 1999 ба манзили истиқоматии сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Ваҳдат Абдусалом Наҷмиддинов ворид шуда, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз манзили истиқоматии номбурда, 2-адад видеомагнитофон, 1-адад маркази мусиқӣ, 8-сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ҷамъ ба маблағи 1000-доллари амрикоӣ тасарруф намуда, соҳибхона Наҷмиддинов А.Х. ва бародараш Шодӣ Наҷмиддиновро ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматии худи Аҳрорзода муддати 3-шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани 1-адад автомашинаи тамғаи “КамАЗ” озод кардаанд.

Аҳрорзода бо ҳамин тарзи содиркуниии ҷиноят моҳи августи соли 1999 сокини ноҳияи Рӯдакӣ Сафед Ғафуровро гаравгон гирифта, ба ивази озодии ӯ 11 ҳазор доллар маблағ гирифтааст.

Дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои аз ҷониби гурӯҳи таҳти роҳбарии Аҳрорзода қарордошта нисбати ӯ мутобиқи бандҳои “а”, “б”, “г” ва “е”, қисми 2 моддаи 104 (Барқасдона куштани ду шахс ё бештар аз он), банди “б” қисми 2, моддаи 196 (Ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳи оташфишон”), банди “а”, қисми 3 моддаи 237 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Аҳрорзода дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ гумонбар дониста мешавад.

Пас аз содир кардани ҷиноятҳои дар боло зикршуда Аҳрорзода дар қаламрави Ӯзбекистон пинҳон шуд.

Соли 2009 барои куштори муассис ва коргардони театри “Илҳом” Марк Вайл ӯро дар Тошканд боздошт намуданд. Он замон дар мурофиаи судӣ “Ҷинҷак” изҳор намуд, ки Вайлро барои таҳқири Пайғамбар Муҳаммад (с) дар спектакл куштааст. Ӯ ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳаммаслакони ӯ Қаҳрамон Пӯлодов ва Алишер Сатторов ҳар кадоме 17-солӣ ҳкуми зиндон гирифта, мавриди авф қарор гирифтанд ва чоряки муҳлати ҷазояшон кам шуд. Боз як иштирокчии парванда Умед Исҳоқов, ки тибқи фарзияи тафтишот, ташкилкунандаи содир шудани ҷиноят аст, тавонист, ки пинҳон шавад ва мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Аввали моҳи феврали соли равон бо дархости Тоҷикистон “Ҷинҷак”, ки дар яке аз муассисаҳои ислоҳии Ӯзбекистон адои ҷазо мекард, ба ихтиёри Тоҷикистон дода шуд.

Суди олии Тоҷикистон Аҳрорзода Ёқубро ба ҷазои ҳабси якумра маҳкум карда, пас аз содир шудани ҳукм ӯ боз ба ихтиёри Ӯзбекистон супурда шуд.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон, пас аз анҷоми муҳлати адои ҷазо дар Ӯзбекистон, мувофиқи созиши ҳосилшуда, Тошканд “Ҷинҷак”-ро боз ба ихтиёри Тоҷикистон дода, ӯ дар ин ҷо ҷазои ҳабси абадро адо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.