Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Рустамҷон Ғойибовро ба гумони даст доштан ба қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтури Маркази саломатии №4 шаҳри Хуҷанд И.Дониёров бо ваъдаи озод намудани ҷавони маҳаллӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ду ҳолат аз ӯ 700 доллари ИМа ва 400 сомонӣ маблағ гирифтаанд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Ғойибов Р.Б. ва Дониёров И.А. бо моддаи 247 КҶ ҶТоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи  ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.