Суд се нафар аз мизоҷони тарабхонаро барои муноқиша байни худ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани истироҳату осоиштагии дигар шаҳрвандон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, се нафар ҷавонон, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ - Бахтиёр Иззатуллозода, Самиҷон Сабуров ва Зафарҷон Раҷабов охири ҳафтаи гузашта дар тарабхонаи “Шоми Бухоро”-и пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд.

“Ин се нафар ҷавон дар дохили тарабхона аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шарвандонро халалдор сохта, бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Сино аз 29 июн, ин се нафар барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳар кадоме ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.