Сокини ноҳияи Муъминобод, зани 25-сола ба даст доштан дар кӯшиши фурӯши тифли навзоди худ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия ин занро дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, 9-уми июн зан дар таваллудхонаи марказии шаҳри Кӯлоб тифли навзод, ҷинсаш мардро таваллуд карда, баъдан бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ӯро ба маблағи 1.050 сомонӣ (каме бештар аз 100 доллар) ба зани 57-солаи сокини ноҳияи Муъминобод фурӯхтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.