Ҳукм нисбати шаҳрвнади Тоҷикистон бо номи Р.А.Ҳайдаров аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт содир шудааст, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, Ҳайдаров бо ҷурми қаллобӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хриҷӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст.

Қайд мешавад, ки маҳкумшуда замони дар вазифаи директори ширкати “Аҷам-Авиа” кор карданаш дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба ин ҷиноят даст задааст.

“Ҳайдаров ба боварии намояндагони масъули ширкати ҳавопаймоии эронии «Taban Airlines» даромада, аз онҳо ҳудуди 1 млн. доллар мегирад ва азхуд мекунад. Ба ин маблағ ӯ уҳдадор мешавад, ки ба ширкати эронӣ муҳаррики ҳавопаймои тамғаи «Боинг 757-200» дастрас мекунад, вале ин корро ба анҷом намерасонад”, - омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, зикр мешавад, ки бо ин амалҳои худ Ҳайдаров ба ширкати ҳавопамйоии “Нахустлизинг”-и Тоҷикистон низ хисороти зиёди молӣ мерасонад.

Нисбати Ҳайдаров мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 286 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвнадаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд ӯ ба 13 соли зидон маҳкум шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки як адад автомашинаи тамғаи «BMW»-и маҳкумшуда арзишаш 16 ҳазор доллари ИМА ва аз ҳисоби Ҳайдаров Р.А. маблағи 987.750 доллари ИМА ба фоидаи ширкати ҳавопаймоии «Тобон Эйрлайн» рӯёнида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.