Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз рӯи далели майдаавбошӣ донишҷӯи соли 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон, сокини 23-солаи пойтахт Фаррух Ҳасановро боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тахминан соатҳои дуи шаби 13 июл ӯ дар ҳолати сахти сархушӣ дари хонаи яке аз биноҳои воқеъ дар кӯчаи Борбад 75-ро тақ-тақ мекунад.

“Ӯ аз соҳибхоназан талаб мекунад, ки шиносашро даъват кунанд. Вақте мегӯянд, ки шиносаш дар ин хона зиндагӣ намекунад, ӯ ба дашному ҳақорат ва таҳқири сокинони хонаҳо мепардозад, ки аз доду фарёди ӯ аз хонаҳояшон баромада буданд”, - хабар медиҳад дафтар матбуоти РВКД.

Дар натиҷа донишҷӯ боздошт ва бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт барои майдаавбошӣ, халалдор сохтани оромии шабона, истироҳати сокинон, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ҷазоро дар таваққуфгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе адо мекунад.

Бино ба маълумоти корбарони Facebook, Ҳасанов духтареро бо номи Мижгона меҷустааст ва дар хонае, ки дари онро ӯ тақ-тақ мекунад, ҷавонзане бо ду кӯдакаш қарор доштаанд. Зани ба ҳарос афтода ба шавҳараш занг мезанад, ки дар кор будааст.

Баъди ҳозир шудани шавҳари зан, донишҷӯи маст бо ӯ ба ҷанҷолу муноқиша мепардозад. Бо талошҳои якҷояи сокинони бино донишҷӯ ба кӯча бароварда шуда, вале дар кӯча низ ӯ ором намегирад ва ба таҳдид идома медиҳад. Баъдан кормандони милитсия ӯро боздошт мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.