Тоҷикистон тоҷир Зайд Саидов, адвокат Бузургмеҳр Ёров ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳайитро аз адои ҷазо озод карда наметавонад, зеро аз ҷониби суд исбот шудааст, ки онҳо ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин содир кардаанд, изҳор дошт имрӯз ба журналистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон.

“Ман ба сифати роҳбари ҳайати кишвар дар иҷлосияи рӯзи 3 июли Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева исрор варзидам, ки дар парвандаҳои онҳо сиёсат умуман вуҷуд надорад”, - қайд кард Юсуф Раҳмон.

Прокурори генералӣ дар идома изҳор намуд, ки дар иҷлосияи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ӯ ба беш аз 100 савол посух дода, зикр кардааст, ки шахсоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, на ба воситаи тавсия аз берун, балки бо қонунҳои Тоҷикистон маҳкум мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.