Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон мутмаин аст, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад.

“Давоми чор моҳи корам дар ин вазифа ба боздиди се муассисаи ислоҳӣ фурсат ёфтем. Аз номи маҳбусон гуфта метавонам, ки бо тағйирот дар ҳайати роҳбарӣ шароити будубоши маҳбусон дар ин муассисаҳо беҳтар шуда истодааст”, - изҳор дошт Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода.

Ӯ қайд кард, ки аз зиндони шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии №3/2, воқеъ дар шаҳраки Роҳатӣ, 15 километрии шарқи Душанбе), маъруф ба “Кирпичний”, ки чанде қабл дар он ошӯби маҳбусон рух дод, низ боздид кардааст ва вазъ дар он ҷо орому осуда аст.

“Мо бо раҳбарияти муассиса ва маҳбусон суҳбат кардем, аз ошхонаи он ҷо боздид намуда, бо шароитҳо аз наздик шинос шудем. Бо сабаби ҷараён доштани тафтишоти Прокуратураи генералӣ, ба баъзе саволҳоямон ҷавоб гирифта натавонистем”, - гуфт ӯ.

Сардори Раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳусниддин Нидоев ба журналистон иттилоъ дод, ки дар мавриди интиқоли чанде қабли маҳбусон аз Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе, ки 14 нафар маҳбусон ҳалок шуданд, ба онҳо се муроҷиатнома расидааст.

“Волидон ба мо муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки фарзандонашон ҳангоми интиқол бедарак шудаанд. Дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусони “гумшуда”-ро пайдо намуда, волидонашонро аз макони будубоши онҳо огоҳ кардем. Онҳо бо ҳам дидору гуфтушунид карданд”, - гуфт Нидоев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.