Нимаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ барои тарбияи нодурусти фарзандон нисбати 103 нафар падару модарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Онҳо асосан ба монеъагузорӣ дар таҳсили фарзандон ва дар синни ноболиғӣ ба шавҳар додани духтаронашон гумонбар дониста мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон мувофиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон шахс метавонад ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шавад. Тибқи моддаи 168 КҶ Тоҷикиситон (Ба шавҳар додани духтари  ба синни никоҳ нарасида) волидон бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол,  маҳдуд кардани озодӣ ба  мӯҳлати то панҷ сол ё ҳабс ба муҳалти то шаш моҳ ҷазо дода мешаванд.

Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2 ҳазору 230 нафар волидон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Барои зери назорат надоштани ба дарсҳо ҳозир шудани фарзандон, вақти шабона ба марказҳои комютерӣ рафтан ва оворагардии онҳо ҳар кадоме аз падару модарон ба маблағи 165 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар ин давра барои риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” 299 нафар тоҷикистониён мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтаанд.

Онҳо ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки маросимҳои тӯй ва ҷашни зодрӯзро пурдабдаву боҳашамат гузаронида, меъёрҳои қонунро дар қисмати дафни пайвандону наздикони худ риоя накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.