Муовини сардори ҶСК “Шабакаҳои барқии ноҳияи Рудакӣ” оид ба фурӯши барқ Сайҷамол Мираков ба азхудкунии маблағи зиёди гирифтааш аз истифодабарандаи барқ гумонбар дониста мешавад.

Ӯ барои эҳтиёҷоти шахсии худ беш аз 146 ҳазор сомониро, ки тариқи нақд ба ӯ ҶДММ “Мавлоно Румӣ” пардохт намудааст, азхуд кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, Сайҷамол Мираков дар расонидани зиёни молии бузург ба ҶСК “Шабакаҳои барқии ноҳияи Рудакӣ” айбдор карда мешавад.

Гуфта мешавад, нисбати Мираков мутобиқи моддаи 245, қ. 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (азхудкунӣ ё камомад) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ метавонад ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ ҷарима ё ба муҳлати то 12 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.