Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) имсол ба 17 нафар ҷабрдидагон аз савдои одамон дар Тоҷикистон кумак карда, аз 18 ҳолати хариду фурӯши имконпазир пешгирӣ намуд.

Тавре дар сомонаи расмии Созмон хабар дода мешавад, нисбат ба соли гузашта, ки ба 20 тоҷикистониён (19 нафари онҳо занон) барои бозгашт ба хонаҳояшон кумак расонида шуда буд, имсол ин нишондиҳанда афзуд.

Аксарияти ин ҷабрдидаҳо аз ғуломии шаҳвонӣ ва меҳнатӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ наҷот дода шуданд.

Рӯзҳои 29-30 июл СБМ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон бо иштироки ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе музокироти дурӯза барпо мекунад. Ҳадафи аслии баргузори чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ дар бораи савдо одамон ва зарурати ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аз он мебошад.

Дар муколамаҳо 36 нафар хонадагони мактабҳои миёна ва донишҷуёни макотиби олӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар сатҳи минтақавӣ дар музокирот оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва муҳоҷирон ғолиб омаданд, иштирок мекунанд.

Дар ҳамдастӣ бо Маркази мубориза бо савдои одамони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи байниидоравии муқовимат бо савдои одамон СБМ санаи 30 июл ҳамчунин дар мавзӯи хариду фурӯши ғуломон низ конфронс доир мекунад.

“Аксари ҷабрдидагонро, ки СБМ аз онҳо дастгирӣ мекунад, ҳукумат ба назди мо мефиристад. Мо ифтихор дорем, ки бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳамкории хуб дорем. Иттиҳоди мо бо 20 ташкилоти ғайриҳукуматӣ тӯли солҳои кори муштарак баҳри таъмини кумаки тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз савдои одамон мустаҳкамтар шуд”, - мегӯяд Кристина Георг-Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.