Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ронандаи автомашинаеро, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, илова бар ин, бо онҳо дағалгуфторӣ мекардааст, ҷазо дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 6444 СР 01, сокини 49-солаи шаҳри Душанбе Ҷамшед Сафаров қоиаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, нисбати мусофирон ба рафтори номуносибу дағалгуфторӣ роҳ медодааст.

Гуфта мешавад, ин ронанда дарёфт ва ба шуъбаи милитсия оварда шуда, нисбати ӯ дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ санади дахлдор тартиб дода шуд ва бо қарори суди шаҳри Душанбе Сафаров ба маблағи 540 сомонӣ ҷарима шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт даъват кардааст, ки дар бораи рафтори номуносиб ва дағалгуфтории ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба Раёсат хабар диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.