Ду корманди ШВКД ноҳияи Сино дар робита ба ҳодиса куштор нимаи моҳи июл дар клуби шабона боздошт шудаанд. Дар ВКД ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ карданд.
“Алиҷон Азиззода ва Алишер Сафиев дар робита ба куштор дар клуби шабона боздошт шуданд, лекин мо намедонем, ки онҳо дар куштор чӣ даст доранд, шояд шоҳиди ҳодиса буданд. Парвандаи ҷиноятиро прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тафтиш мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.
Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маълумотро дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия тасдиқ намуда, лекин ин ҷо низ аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти газетаи «Имруз News», ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино ба куштори Ҳаитов Фазлиддин Қурбоналиевич, соли таваллудаш 08.06.1986, сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, гумонбар дониста мешаванд, ки шаби 13 ба 14 июли соли равон дар клуби шабонаи “VIP” рӯй дод. Нисбати онҳо тибқи моддаи 104, қисми 2 (Куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Нашрия менависад, ин ду масъули ШВКД ноҳияи Сино дар ҳоле боздошт шуданд, ки қасди тарки қаламрави Тоҷикистонро доштанд. Онҳоро дар асоси баёноти гумонбари дигар - Алиматов Акмал Оибхоҷаевич, ҳафтаи гузашта дар роҳи сафар ба Ӯзбекистон дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, Акмал Алиматов ихтиёрӣ ба прокуратураи ноҳияи Сомонӣ омада, нисбати кормандони милитсия баёнот додааст.
“Алиматов худро дар одамкушӣ гунаҳкор намедонад. Ӯ муқобили кормандони милитсияи ноҳияи Сино баёнот дод. Тафтишот нишон хоҳад дод, ки гуфтаҳои ӯ то куҷо ҳақиқат доранд”, - хабар додааст манбаи нашрия дар прокуратураи ноҳияи Сомонӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста