Судиҷрочиён шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Чувашия паноҳ мебурдааст, аз Русия хориҷ карданд, хабар медиҳад Раёсати минтақавии Хадамоти федералии судиҷрочиён дар Ҷумҳурии Чувашия.

Ин гуна қарори суд бар асоси риоя накардани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия “Риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ” содир шудааст.

Дар мурофиаи судӣ шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ӯ дар ватан ҳамроҳи волидону бародар ва хоҳараш зиндагӣ карда, дар Русия наздикону пайвандон, ҳамчунин ҳеҷ гуна амволе надорад, лекин бо қарори ихроҷ розӣ нест, чунки дар Тоҷикистон ӯро метавонанд ба хизмати ҳарбӣ даъват намоянд.

Суд маводи парвандаро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ба ин шахс дар шакли ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия ҷазо таъин шавад ва акнун ин маънои онро дорад, ки панҷ соли наздик вуруд ба қаламрави Русия ба ин шаҳрванди Тоҷикистон манъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.