Собиқ фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе ҳуҷҷатҳо омода мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуд.

Он замон Тоҷикистон ба кишварҳои узви Интерпол муроҷиат карда, дархост намуд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди гумонбар, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо аз қабили куштор, таммаъҷӯӣ, ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад, мусоидат намоянд.

Тибқи фарзияи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, он замон Хӯҷа Каримов дар қаламрави Малайзия қарор дошт.

Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буд. Солҳои 1992-1993 - муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағой Шукуров айбнома пешниҳод гардида, лекин баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.