Сокини ноҳияи Деваштич барои бераҳмона куштани ҳамсараш, ки назди ду фарзанди ноболиғаш сари ӯро аз танаш ҷудо карда буд,  ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 35-солаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич Ғайрат Ҳидоятовро ба итмом расонид, хабар доданд аз суди вилояти Суғд.

Суд Ҳидоятовро дар содир намудани ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 104, қисми 2, банди “Е” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодисаи фоҷеабор санаи 19 марти соли равон рух додааст. Зимни муноқишаи бамиёномада бо ҳамсари 34-солааш Манзура Ашӯрова маҳкумшуда бо кӯза ба сари занаш се маротиба зарба мезанад.

“Баъди ба замин афтодани зан мард пеши чашмони ду фарзанди ноболиғаш сари ҳамсарашро аз тан ҷудо мекунад”, - хабар доданд дар суд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки муҳлати чазоро Ҳидоятов дар муассисаисаи ислоҳии низомаш сахт адо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.