Дар Суди шаҳри Москва аризаи шикоятӣ доир ба бозбинии қарори суди ноҳияи Пресненск дар бораи таъини чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Самариддин Раҷабов баррасӣ шуд.

Суд қарори суди зинаи аввалро бетағйир боқӣ гузошта, боздоштшуда барои иштирок дар гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳо дар Москва то 27 сентябр дар зиндони “Матросская тишина” нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 2 август суди ноҳияи Пресненскии Москва шаш нафар иштирокчиёни гирдиҳамоии рӯзи 27 июл - Иван Подкопаев, Егор Жуков, Кирилл Жуков, Самариддин Раҷабов, Евгений Коваленко ва Алексей Миняйлоро ба муҳлати ду моҳ - то 27 сентябр ба ҳабс гирифт.

Самариддин Раҷабови 21-сола ба он айбдор дониста мешавад, ки “дар ҷараёни эътирозҳо ба сӯи афсари Росгвардия зарфи обро партофтааст ва он зарф ба гардани афсари пулис бархӯрда, ӯ зарбаро дарднок унвон кардааст”.

Санаи 5 август Раҷабов ба суди шаҳри Маскав аризаи шикоятии бозбинии қарорро пешниҳод намуд. Рӯзи 6 август ҳомии ҳуқуқ, адвокати «Правозащиты Открытки» Анри Сискаришвили ба аёдати ӯ омада, хабар дод, ки аз 1 август Раҷабов гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон ба айбномаи пешниҳодшуда розӣ нест. Раҷабов изҳор намудааст, ки дар эътирозҳо ҳузур дошт, лекин айбномаро рад мекунад. Ба сифати гумонбар ӯ санаи 31 июл боздошт шуда буд. Дар мурофиаи судии рӯзи 2 август ӯ зикр кард, ки ба сифати устои сохтмон (прораб) кор мекунад ва намефаҳмад, ки бо чӣ сабаб ӯро боздошт кардаанд, зеро чунин мешуморад, ки қонунҳоро риоя мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба ҳамоҳангсози маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Правозащита Открытки” Валентина Дехтяренко, ки аз манфиатҳои тоҷикистонӣ ҳимоя мекунад, дар ин робита менависад, Самариддин тамоман тасодуфӣ дар ҷойи эътирози мухолифин қарор гирифтааст, зеро ба меҳмонӣ назди хоҳари калониаш мерафтааст.

"Мақомот ӯро айни замон ба ду моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "бетартибиҳои оммавӣ" ва "истифода аз зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат" айбдор мекунанд. Бо ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ӯ ҳадди аксар 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад", - шарҳ додааст Валентина Дехтяренко.

Ба қавли Дехтяренко, Самариддини 21-сола ҷавони аз нигоҳи сиёсӣ хеле фаъол буда, қаблан дар яке аз гирдиҳамоиҳои мухолифон ширкат варзида ва ҷарима шудааст, аммо Раҷабов расман аъзои ҳеҷ кадом аз ҳизбу ҳаракат набуда, танҳо узви ҳаракати ихтиёриёни донор  ва хун месупурдааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.