Сокини шаҳри Ваҳдат Саидбек Ҷӯраев барои кӯшиши куштани зан ва духтараш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

“Ҷӯраев 24 марти соли ҷорӣ ба манзили истиқоматии ҳамсараш Мавҷуда Набиева ба шаҳри Ҳисор омада, аз номбурда хоҳиш намудааст, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташ равад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Лекин, ба иттилои манбаъ, вақте ҳамсараш хоҳиши ӯро бинобар нигоҳубини духтараш, ки фарзанди хурдсол таваллуд кардаасту ба ёриаш эҳтиёҷ дорад, рад мекунад, ӯ ҳамсарашро нахуст лату кӯб ва сипас бо табар ба cap ва дигар қисматҳои баданашон зада, ба саломатии онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок мерасонад.

“Аз ҳолати мазкур шаҳрвандоне, ки дар маъракаи азодории ҳамсояи Набиева ҳузур доштанд, огоҳ гардида, ба идомаи кирдори ҷинояткоронаи Ҷӯраев монеъа ва кушторро пешгирӣ намуданд”, - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, Суди олии Тоҷикистон барои ин амалҳои ҷинояткорона Саидбек Ҷӯраевро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.