Кормандони милитсия сокини 37-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро боздошт намуданд, ки дар пойтахт ба соҳибкорӣ машғул буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда муддати 7 моҳ тариқи қочоқ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба маблағи умумии беш аз 4 млн. 300 ҳазор сомонӣ оби ҷав (пиво) ворид кардааст.

Ба ҷуз қочоқ, соҳибкор метавонад барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад: аз моҳи июли соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ 30 маротиба сарҳади давлатии ду кишварро гузаштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҷиноят аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.