“Рӯзе фаро мерасад, ки собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии пешинаи Тоҷикистон Хӯҷа Каримов назди қонун барои кирдорҳои содиркардааш замони ҷанги шаҳрвандӣ ҷавоб хоҳад гуфт”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ иброз дошт, ки маълумоти чанде аз ВАО-ро дидааст, ки мувофиқи онҳо, гӯё рӯзи 22 август ҳукуматдорони Амороти Муттаҳидаи Араб Х.Каримовро аз ҳабс озод кардаанд.

“На тариқи воситаҳои расмӣ ва на тариқи Интерпол ба мо чунин маълумот нарасидааст. Тоҷикистон саривақт  ҳамаи маълумоти заруриро оид ба истирдоди Каримов ба Душанбе ба Дубай фиристод”, - қайд кард номбурда.

Дар фарҷом ӯ таъкид дошт, ки “мисли ҳама гуна ҷинояткор Х.Каримов ба курсии айбдорӣ хоҳад нишаст, барои ин  вақт зарур аст”.

Ёдрас мекунем, ки собиқ фармондеҳи Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда буд.

Он замон Тоҷикистон ба кишварҳои узви Интерпол муроҷиат карда, дархост намуд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди собиқ фармондеҳи саҳроии гумонбар ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо аз қабили куштор, таммаъҷӯӣ, ғоратгарӣ мусоидат намоянд.

Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ дар ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағой Шукуров айбнома пешниҳод гардида, лекин баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.