Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро мунташир сохт, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ҷарима напардохтанд.

«Рекордсмен»-и ин рӯйхат ронандаи HYUNDAI Elantra-и ҶДММ «Талко Персия» (рақами давлатӣ 5398тт05) бо 42 қоидавайронкунӣ мебошад.  Дар зинаи дуюм низ ронандаи ҶДММ «Талко Персия» бо автомашинаи TOYOTA Camry (госномер 8200тт05) бо 25 қоидавайронкунӣ зикр шудааст.

Дар идомаи рӯйхат ронандаи автомашинаи Opel Astra, сокини пойтахт Мунира Иноятова бо 22 қоидавайронкунӣ ва ронандаи VOLKSWAGEN Crafter бо рақамҳои давлати 933тт05-и идораи автомобилии 2927 бо 19 қоидавайронкунӣ нишон дода шудаанд.

Ҳамчунин дар рӯйхат боз ному насаби 10 ронанда ба назар мерасад, ки аз 18 то 14 бор қоидаро вайрон карда, ҷарима напардохтанд.

Мувофиқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз замони мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 1 млн. нафар ба маблағи беш аз 120 млн. сомонӣ (зиёда аз 12,3 млн. доллар) ҷарима шудаанд.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз ронандагон талаб дорад, ки дар муҳлати муқарраршуда ҷаримаҳои маъмурӣ пардохт шаванд.

Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз 50 то 275 сомониро ташкил медиҳанд. Масалан, барои гузаштани роҳ дар ранги сурхи чароғак 250 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳтавассути воситаҳои махсуси наворгирии “Шаҳри бехатар” сабт шудааст. Лоиҳаи мазкур 31-уми октябри соли 2013 дар Душанбе мавриди амал қарор гирифт. Он замон дар 75 чорраҳа ва роҳҳои кӯчаҳои марказии пойтахт 855 камера насб шуд. Арзиши умумии лоиҳа 22 млн. доллар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.