Дар бинои прокуратураи вилояти Суғд имрӯз, 20-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуд.

Иштирокдорони ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ба масъалаи риояи қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз ҷумла, дар бораи қатъи асосноки парвандаи ҷиноятӣ, боздошти истеҳсолоти парванда ё рад шудани оғози парванда дар самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраи соли 2018 ва 8 моҳи соли 2019 сухан рафт.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов
Сурат: Asia-Plus

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд. Онҳо ба ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо вазифадоранд. Ҳеҷ кас бе гуноҳ набояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ҳар касе, ки ба ҷиноят даст зад, бояд бо тамоми қатъияти қонун ҷазо гирад”, - қайд кард прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқи вилоят далелҳои то 4 маротиба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ ҷой доранд.

“Аз рӯйи далелҳои сатҳӣ ва носанҷида қарор қабул мешавад, асосу далелҳо мавҷуд, вале парвандаи ҷиноятӣ оғоз намешавад ё баръакс - ҳеҷ асоси воқеӣ вуҷуд надошта, аммо парванда оғоз мешавад. Ҳамчунин дар ин давра 453 ҳолати рӯйпӯшкунии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба қайд гирифта шудааст”, - иброз дошт Воҳидов.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин давра 32 ҳазору 700 ариза ва маълумот дар бораи содир гардидани ҷиноятҳо баррасӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои он 5 ҳазору 316 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар қариб 14 ҳазор ҳолат оғози парвандаи ҷиноятӣ рад гардидааст ва аризаҳои боқимонда ба баррасии дигар мақомоту муассисаҳо ирсол шудаанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои омӯзиш 339 қарори муфаттишони ВКД, 172 қарори муфаттишони мақомоти прокуратура, 172 қарори муфаттишони мақомоти амният ва мубориза бо коррупсия, инчунин 12 қарори мақомоти таҳқиқ дар бораи қатъи парвандаҳои ҷиноятӣ бекор карда шудааст.

“Дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 8 ҳазору 663 парвандаи ҷиноятӣ боз карда, баррасии 5843-тои онҳо ба анҷом расид, - гуфт прокурор. - 5460 парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо фиристода шуда, 341 парвандаи ҷиноятӣ қатъ шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.