Ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки тибқи қарордод адои хизмат мекунанд, дар шаҳри Бохтар гӯё “аз шахси рӯҳан бемор” захми корд бардоштаанд.

Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, сокини ноҳияи Вахш Абдуллоев Аҳлиддини Файзиддиновичи 21-сола рӯзи 21 сентябр ба ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳамла кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, низомиён дар вақти берун аз хизмат, ҳангоми суҳбат назди сартарошхона ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ҳамла алҳол маълум нест.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ кумаки зарурии тиббӣ расонида шудааст. Шахси ба низомиёни дарафтода боздошт гардидааст. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, гумонбар “дар рӯйхати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳии вилоят” мебошад.

Тибқи маълумоти прокуратураи вилояти Хатлон, Аҳлиддин Абдуллоев аз соли 2006 доимо дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳии вилоят муолиҷа мегирад.

Зикр гардид, ки айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.