Дар доираи амалиёти “Нелегал-2019” 31 нафар шаҳрвандони хориқӣ аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ ва 145 нафар қонуншиканон ҷарима шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни баргузории санҷишҳои муштарак масъалаҳои бақайдгирӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, раводид, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор гирифт.

“Дар се марҳилаи баргузоргардида 3798 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, 800 корхонаву ташкилот ва маконҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 136 иншооти сохтмонӣ, ки 725 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият доранд, 70 корхонаи истеҳсолӣ, 336 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида шуданд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати 145 нафар вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷират протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ ва аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон 31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки амалиёти “Нелегал” ҳамасола бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гузаронида мешавад. Кормандони ВКД, КДАМ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба ин амалиёт сафарбар мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.