Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди хадамоти давлатии муҳофизаи ВКД-и кишвар Анвар Саидовро боздошт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Агентӣ, зимни фаъолият дар хадамоти зикршудаи ВКД моҳи август Саидов бо миёнаравии Болтухон Болтаев аз як шаҳрванд барои озод карданаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 30 ҳазор доллар пул талаб кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин бора Агентии зиддифасод огоҳ ва дар натиҷа Анвар Саидов бо ҳаммаслакаш Болтухон Болтаев ҳангоми гирифтани қисмате аз маблағи эҳимолии пора дар ҳаҷми 15 ҳазор доллар боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.