Як сокини пойтахт бо нашри матлаб дар Facebook аз рафтори ношоям ва таваққуфи нодурусти ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, рақами қайди давлатиаш 5438 ВК 01 дар кӯчаи А.Деҳотӣ шикоят кардааст.

Ӯ зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ронандаи он чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Скриншот аз Facebook

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин муроҷиат аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯйӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи ин воситаи нақлиётӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Субҳон Каримов, соли таваллудаш 1974 мебошад. Зимни санҷиш ошкор карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф карда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст.

Акс аз Facebook

Бо назардошти ҳолати мазкур, автомашинаи дар расм инъикосшударо ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳозир карданд. Нисбат ба соҳиби он барои таваққуфи нодуруст тибқи талаботи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои минбаъд роҳ надодан ба чунин қонуншиканӣ огоҳониданд.

Ҳамчунин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин қоидавайронкуниҳо аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш кардааст, ки дар сурати шоҳиди кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути суроғаҳои электронӣ муроҷиат кунанд.

Почтаи электронӣ: [email protected]

Саҳифаи расмӣ дар Facebook: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Телефони боварии Раёсат: (+99237) 221 15 00

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.