Дар шаҳри Маскав рӯзи 9-уми октябр вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколсев доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва боздошти шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масоили авфи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати маҳдудияти воридот ба Русия дохил шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин масоили муносибати хуб кардани кормандони пулиси Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва тибқи қонун дастгир намудани онҳо баррасӣ шудааст.

Қайд шуд, ки содиршавии ҷиноятҳо дар умум ва махсусан вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди Русия аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки як рӯз қабл дар шаҳри Маскав ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардида, дар он таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.