Дар ноҳияи Фархор аснои ришваситонӣ корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, рӯзи 20-уми сентябр шаҳрванд “А” ба ин мақомот бо ариза муроҷиат кардааст, ки мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Зайниддинзода Хуршед Зайниддин барои иваз намудани ному насаб аз ӯ 1650 сомонӣ талаб дорад.

Худи ҳамон рӯз нисбат ба Хуршед Зайниддинзода бо моддаи 324 қисми 1 КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1650 сомонӣ боздошт гардида, аз ӯ далели шайъӣ – маблағи мазкур гирифта шудааст.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.