Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқиро дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдори давлатӣ доир кардааст.

Рӯзи 13-уми октябр дар доираи амалиёт 7 корд ва 2 адад воситаҳои барқдиҳанда (электрошокер) аз ҷавонон ва мактаббачагон дарёфт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти РВКД-и пойтахт.

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Дар натиҷаи ин амалиёт аз шаҳрвандони зерин силоҳи сард дарёфту мусодира шудааст:

Бурҳонов Сафармад Мирзоубайдуллоевич, соли таваллудаш 03.02.1982, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 73, муваққатан бекор, 2 адад корд (финка). Номбура қаблан барои содир кардани ҷиноятҳои дуздӣ 6 маротиба суд шудааст;

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Авғонов Ризвоншоҳ Ёрибекович, соли таваллудаш 20.05.1993, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Наврӯз, муҳофизи маркази дилхушии “Чоко”, 1 адад корд (финка);

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Каримов Хизиралӣ Сафарович, соли таваллудаш 16.08.1995, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, 1 адад корд;

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Нуриддинзода Фарҳоди Файзиддин, соли таваллудаш 29.02.1992, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, 1 адад корд.

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Ин ҷавонон айни ҳол дар ҳабси маъмурӣ қарор дошта, мақсади бо худ гардонидани корд ва даст доштани онҳо дар содир кардани ҷиноятҳо муайян мешавад.

Дар идомаи амалиёт кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 2 адад корд (финка) аз ҷузвдони 2 нафар хонандагони синфи 11-и МТМУ №24 ва МТМУ №72 дарёфт ва мусодира намуданд.

Акс аз РВКД дар ш.Душанбе

Инчунин аз дохили ҷузвдони хонандагони синфи 11-и Гимназияи №9 ва МТМУ № 11 як ададӣ (дар умум 2 адад) воситаҳои махсуси барқдиҳанда “Электрошокер” дарёфту мусодира карданд.

Нисбат ба волидайни онҳо барои зоҳир намудани бепарвоӣ тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маводи зарурӣ тартиб дода шудааст.

Айни ҳол аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузории амалиёти “Корд” идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.