Дар Душанбе баррасии парванда нисбат ба 4 нафар блогерон оғоз гардид, ки дар ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ айбдор мешаванд.

Мурофиа дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегузарад. Рӯзи 15-уми октябр дар ҷаласаи дуюм нишондодҳои блогерон ва се нафар ҷабрдидагон аз амалҳои онҳо шунида шуданд.

“Ҷабрдидагон шикояти худро бо он асоснок карданд, ки пас аз нашри видео шахсият ва шуғли онҳо ба наздикону шиносҳо ошкор шуда, “ба онҳо занг мезананд ва дар ин бора мепурсанд”. Ҳамзамон блогерон ба гуноҳи худ дар ин амал иқрор шуданд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суд.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи судӣ идома дошта, ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 22-юми октябр доир мешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июли соли равон 4 блогери тоҷик барои гузоштани навори видео бо номи “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” дар YouTube боздошт шуданд.

Навори блогерон дар бораи даст задани занону духтарон ба тиҷорати шаҳвонӣ дар ҳудуди пойтахт мавриди вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, ба муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид. Муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба таҳиягарон ва ноширони ин видео дар Интернет шуданд.

“Воқеан, таҳиягарони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд”, - хабар дода буд он замон дафтари матбуоти РВКД-и Душанбе.

Зикр гардида буд, нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд, бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя карда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд.

Баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ блогерон боз як навори видео нашр карда, изҳор доштанд, ки онҳо шаъну эътибори касеро паст заданиву бо ин амал пул ба даст оварданӣ набуданд ва танҳо муносибати ҷомеаро нисбат ба чунин занон тағйир доданӣ буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.