Ба айбдоршавандаи “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов дар таҳрири ниҳоӣ айбномаи нав пешниҳод шуд. Иштирокчии гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора "МБХ медиа" бо истинод ба ҳимоятгари «Правозащиты Открытки» Сергей Бадамшин хабар медиҳад.

Раҷабовро дар таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба лейтенанти хурди пулис Линник ҳангоми гирдиҳамоии мувофиқанашуда айбдор медонанд.

Бино ба маълумоти Медуза, қаблан Линник изҳор дошта буд, ки Раҷабов шишаи обдорро сӯйи ӯ партофтааст, вале акнун мегӯяд, шишаро ҳамчун таҳдид қабул кардааст, зеро он ҳангоми ба замин афтодан садои баланду сахт баровардааст.


Ҳимояи Раҷабов ҷиҳати муайян кардани ба бемории рӯҳӣ гирифтор будани корманди пулис, ки ҳиссиёти ҳаросашро идора карда наметавонад, ба гузаронидани ташхиси равоншиносӣ исрор меварзад.

Аз хулосаи айбнома дар парвандаи Самариддин Раҷабов

Раҷабов аснои гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл дар Маскав боздошт шуд. Вай аз 2-юми июл аз рӯйи парвандаи маъмурӣ дар бораи вайрон кардани тартиботи баргузории чорабинии оммавӣ дар ҳабс қарор дорад. Баъдан ӯро аз қабулгоҳи махсус гирифта, бо айбномаи иштирок дар “бетартибиҳои оммавӣ” ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) фиристоданд.

Нашрияи “Новая газета” менависад, беш аз 300 нафар аҳли фарҳанг бо талаби қатъи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани иштирокчии “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабов номаи саркушод навиштанд.

Ин мактубро Людмила Улитская, Виктор Шендерович, ҳунарпешагон Яна Троянова, Александр Пал ва дигарон имзо карданд.

Пештар аз ин ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Павел Деревяко ва чанде аз дигар ҳунармандони рус аз иштирокдорони парвандаи марбут ба бетартибиҳои оммавӣ дар гирдиҳамоии мувофиқанашудаи Маскав пуштибонӣ карданд. Онҳо нақши 11 нафар айбдоршавандаҳоро бозида, аз номи онҳо саргузашташонро қисса намуданд. Матн аз рӯйи санади сабт (стенограмма)-и гуфтаҳои онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва мусоҳибаи айбдоршавандагони “Парвандаи Маскав” таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.