Шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамла ба корманди пулис ва кӯшиши фурӯши маводи нашъаовар ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ҳукм 16-уми октябр аз ҷониби Суди олии Бошқирдистон содир шуд.

Тавре дар сомонаи мақомоти прокуратураи ҷумҳуриявӣ хабар дода мешавад, моҳи сентябри соли 2018 кормандони фаврии пулис лаҳзаи аз ҷониби тоҷикистонии 25-сола гузоштани бастаи маводи нашъаоварро дар яке аз таваққуфгоҳ (гараж)-и автомашинаҳои шаҳри Дюрюли мушоҳида кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни боздошт нашъаҷаллоб кӯшиши фирор карда, якчанд зарбаи корд ба қафаси сина ва шиками корманди пулис мезанад. Ӯро кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда безарар мекунанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаҳои “суиқасд ба фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва “суиқасд ба ҳаёти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор эътироф гардид. Судшаванда қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст ва аз болои он шикоят бурдан имкон дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.