Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон амалиёти махсусро бо номи шартии “Корд” роҳандозӣ кардааст.

Кормандони милитсия аз 14-уми октябр инҷониб дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гаштугузор карда, аз якчанд нафар силоҳи сард ва ашёи зерин дарёфту мусодира намуданд:

Ином Амиршоев, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 1 адад кастет;

Акс аз dushanbepolice.tj

Лоиқзода Сиёвуши Идибек, соли таваллудаш 1995, сокини ш.Душанбе, пеш бо моддаи 237 қ.3 КҶ ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст – 1 адад корд (финка);

Акс аз dushanbepolice.tj

Саидмумини Нодирҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 1 адад корд (финка);

Акс аз dushanbepolice.tj

Ҳамзаалии Маҳмадалии Умарзод, соли таваллудаш 1990,  зода ва сокини ноҳияи Восеъ – 1 адад корд (финка);

Акс аз dushanbepolice.tj

Субҳон Аюбов, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 2 адад корд (финка);

Акс аз dushanbepolice.tj

Ҷаҳонгир Мабуров, соли таваллудаш 2000, сокини ш.Душанбе – 1 адад корд (финка).

Акс аз dushanbepolice.tj

Ҳамзамон дар доираи баргузории амалиёт аз ҷайби донишҷӯёни зерин як ададӣ  корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:

Акс аз dushanbepolice.tj

Наҷмиддин Наҷмиддинов, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯйи факултаи иқтисодии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи ш.Душанбе;

Акс аз dushanbepolice.tj

Ҳомид Абдуллоев, сокини ш.Душанбе, донишҷӯйи факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Барои бо худ гардонидани корд ва дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда нисбат ба 4 нафар шаҳрвандони мазкур дар асоси қарори суд ба муҳлатҳои аз 5 то 7 шабонарузӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ шуда, парвандаҳои дигарон дар баррасии додгоҳӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар рафти гузаронидани амалиёт аз ҷайби як хонандаи синфи 11-и МТМУ №31-и ноҳияи Шоҳмансур 1 адад воситаи махсуси барқдиҳанда (электрошокер), аз дасти хонандаи синфи 10-и Литсейи иқтисодии барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе 1 адад дастачӯби оҳанин, аз ҷузвдони хонандаи синфи 7-и МТМУ №92-и ноҳияи Сино 1 адад корд (финка), аз ҷайби хонандаи синфи 11-и МТМУ №81-и ноҳияи Сино 1 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира гардид.

Акс аз dushanbepolice.tj

Барои зоҳир кардани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.