Як сокини пойтахт ва корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook бо сабти видеоии қоидавайронкунии ронандагон ва ирсоли он аз милитсияи пойтахт хоҳиш кардааст, то пеши роҳи чунин амалҳо гирифта шавад.

Дар натиҷа муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосшуда муайян гардида, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бурда шуданд.

Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир кардаанд.

Вобаста ба ин нисбат ба Комил Давлатов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-200», рақами қайди давлатияш 100 XD 01, Дилшод Иброҳимов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-350», рақами қайди давлатияш 6688 GG 01, Қобилҷон Фозилов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 4444 В0 03 бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамзамон нисбат ба Марадона Юсуфов – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-300», рақами қайди давлатияш 3736 НА 01, Шавкатилло Файзуллоев – ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-сиело», рақами қайди давлатияш 4504 НР 01 ва Мадиброн Ҷамолиддини Икромзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21214», рақами қайди давлатияш 917 ZB 01 бо моддаи мазкур чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

1/6

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.