Се шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Мордавия, ки бист рӯз пеш қасди худкушӣ карданд, вазъияташонро "хуб" арзёбӣ намудаанд. Онҳо рӯзи 23-юми октябр дар мулоқот бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтаанд, бадрафтории зиндонбонҳо ҷонашонро ба лаб оварда буд. Мақомоти зиндони рақами 22-и Мордовия гуфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои поймол кардани тартибот ба утоқи ҷаримавӣ андохтанд.

Қаблан пайвандони Мирзоалӣ Шоҳинови 35-сола, Мирмуҳаммад Шералиеви 33-сола ва Тоҷиддин Шерови 32-сола ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ин се нафар рӯзи 4-уми октябр бо нишони эътироз аз фишору азияти кормандони зиндон раги дастони худро буридаанд. Мақомоти зиндон ба зангҳои батакрори мо дар робита ба ин ҳодиса посух надоданд.

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони консулгарӣ бо 18 маҳбуси тоҷик, аз ҷумла, се нафаре, ки қасд ба ҷони худ карда буданд, суҳбат карданд. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, дар дасти Тоҷиддин Шеров, сокини шаҳри Душанбе пайи захм дида мешуд.

Ӯ ба дипломатҳо гуфтааст, воқеан бинобар бархӯрди нодурусти зиндонбонҳо бо нишони эътироз қасди худкушӣ кард, вале ба табобат фаро гирифта шуд ва ҳоло вазъаш хуб аст.

Мақомоти зиндон ба дипломатҳо гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ бархӯрди нодуруст накардаанд, балки барои нақзи қоидаҳои маҳбас ин се маҳбусро дар утоқи ҷаримавӣ андохтаанд. Тоҷиддин Шеров ҳанӯз дар утоқи ҷаримавии маҳбас нигаҳдорӣ мешавад.

Мирзоалӣ Шоҳинов ва Мирмуҳаммад Шералиев, ду маҳбуси дигар бо дипломатҳо зиёд суҳбат накардаанд ва танҳо гуфтаанд, ки ҳоло вазъашон хуб аст. Маълум нест, суҳбати маҳбусони тоҷик дар дохили зиндон зери чӣ шароите сурат гирифтааст.

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа афзуд, суҳбат бо се маҳбус дар алоҳидагӣ буд. “Ҳоло саломатиашон хуб аст. Маъмурияти ҳабсхона гуфтаанд, ин се нафар чанд бор тартиботи дохилиро вайрон карданд. Маҳбусон гуфтанд, ки мақомоти зиндон ба намозхониашон эрод мегирифтанд ва нофаҳмӣ сари ҳамин буд”, - гуфт ӯ.

Муҳоҷирони тоҷик пайваста шикоят мекунанд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят намекунанд. Ҳарчанд намояндагони сафорат ба дидори зиндониён рафтааст, муҳоҷирон мегӯянд, бо бархӯрди нарм бо мақомоти Русия дар гумон аст, ки вазъ тағйир кунад.

Дар муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия наздики сад маҳбуси тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Мавлуда Саидова, холаи Тоҷиддин Шеров, яке аз маҳбусоне, ки гуфта мешавад, қасд ба ҷони худ кардааст, рӯзи 24-уми октябр гуфт, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ ва таваҷҷуҳи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ин ҳодиса бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусони тоҷик як андоза тағйир кардааст.

Тоҷиддин Шеров, сокини шаҳри Душанбе, соли 2012 бо иттиҳоми “пинҳон кардани 2,5 грамм маводи мухаддир” боздошт ва ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд. То замони боздошт ӯ дар Маскав ронандаи таксӣ буд. Пайвандонаш мегӯянд, ба ин иттиҳом бовар надоранд. То замони адои ҳукмаш ним соли дигар мондааст.

Мирмуҳаммад Шералиев, сокини шаҳри Норак низ соли 2013 бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба 13 сол зиндон маҳкум шуд. Мирзоалӣ Шоҳинов маҳбуси дигар низ бо айни иттиҳом дар зиндон қарор дорад.

Наздикони маҳбусон қаблан гуфта буданд, ки шароити маҳбас бад аст ва муҳоҷирон зери азияти пайвастаи бархе аз кормандони зиндон қарор доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба мақомҳои гуногуни Раёсати зиндонҳои ҷумҳурии Мордовия занг зад. Як намояндаи муассисаи ислоҳии рақами 22-и ҷумҳурии Мордовия дар тамоси телефонӣ гуфт, дар бораи шароити маҳбусон “тариқи телефон суҳбат намекунад ва бояд мактуб фиристед”.

Дар зиндонҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз шароити нохуби онҳо зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад. Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ҳамасола ба Русия мераванд.

Дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир, нақзи қонунҳои Русия ва куштор боздошту зиндонӣ мешуданд. Аммо аз соли 2013 ба ин тараф хабарҳо дар бораи дастгир шудани муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм афзудааст.

Бархе аз ин афрод ба кишвар истирдод ва аксаран дар ҳудуди Русия муҳокима мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.