Адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода ҷарима ва якумрӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов хабар дод, ки аз ҳуқуқи Абдураҳмонзода ҳимоя мекунад.

“Суди ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба парвандаи адвокати ҷавон Абдулазиз Абдураҳмонзода бо айбдорӣ мувофиқи моддаи 247, қисми 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) ҳукм содир кард. Ӯ ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 365 нишондиҳандаи ҳисоб (20 ҳазору 075 сомонӣ) уҳдадор шуд”, - хабар дод ӯ.

Ба гуфтаи Нуридинов, ҷониби ҳимоя аз болои ин ҳукм ба суди шаҳр шикоят бурда, ба бозбинии он ноил шуданист.

“Агар ҳукми суди ноҳия бетағйир боқӣ монда шавад ҳам, аздусар ӯ аз пардохти ҷарима озод мешавад, чунки мавриди авф қарор мегирад. Лекин агар мо бегуноҳии ӯро исбот накунем, ӯ якумрӣ аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум мешавад”, - гуфт Нуриддинов.

Вай афзуд, моҳи ноябри соли 2015 ба қонун дар бораи адвокатура тағйирот ворид шуда, мувофиқи он адвокатҳое, ки доғи судӣ доранд, якумрӣ аз иҷозатнома маҳрум мешаванд.

“Ин меъёри поймолкунандаи ҳуқуқ буда, ба қонунҳои байнулмилалӣ мутобиқат надорад. Мо ба Кумитаи СММ шикоятномаи дахлдор навиштем, вале алҳол бенатиҷа”, - иброз дошт Нуриддинов.

Аввали моҳи август Абдулазиз Абдураҳмонзода дар робита ба истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбаташ барои кумаки ҳуқуқӣ ба ташкилоти узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кард.

Ӯ изҳор дошт, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ӯро ба гумони гирифтани 500 доллар барои минбаъд ба корманди суди ноҳияи Варзоб Шаҳзод Нурализода супурдани он боздошт карданд.

Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, кормандони фаврӣ дар ҳуҷраи адвокатҳо дандони ӯро зада шикаста, бераҳмона латукӯб ва ба навиштани баёноти иқроршавӣ маҷбур карданд.

Аввали моҳи октябр Прокуратураи генералии Тоҷикистон оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро аз рӯйи далелҳои истифодаи шиканҷа, ки дар аризаи Абдураҳмонзода зикр гардида, аз болои он раиси Иттифоқи адвокатҳои ҶТ шикоят бурда буд, рад кард.

“Дар ҷараёни мурофиа судя санҷиши далелҳои шиканҷаро таъин кард, лекин сарфи назар аз ҷой доштани далелҳои возеҳ, проуратура истифодаи шиканҷаро тасдиқ накард”, - изҳор дошт Нуриддинов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.