Корманди пулис Виталий Максидов ҷабрида буданро дар парвандаи Самариддин Раҷабов, яке аз иштирокчиёни “Парвандаи Маскав” рад кард. Дар ин бора «МБХ медиа» бо истинод ба адвокати «Правозащиты Открытки» Сергей Бадамшин хабар медиҳад.

“Максидов ба сифати шоҳид бозпурсӣ шуда, дар идома мақомоти тафтишот ба ӯ “нақш”-и ҷабрдидаро “пешниҳод кардаанд”, ки розигӣ надодааст. Ғайр аз ин, бино ба маълумоти дарёфтии мо, баъд аз ҳодисаҳои рӯзи 27 июл ӯ аз кор дар мақомоти пулис даст кашидааст”, - гуфтааст Бадамшин.

Самариддин Раҷабов бо он айбдор мешавад, ки дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав ба сӯйи корманди Росгвардия шишаи пластикӣ ҳаво додааст. Худи ӯ гуноҳро эътироф намекунад. Дар парвандаи Раҷабов айни замон се нафар ба сифати ҷабрдидагон иштирок доранд.

Самариддин Раҷабов рӯзи 27 июл дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав боздошт ва аз 2 август таҳти ҳабс қарор дорад.

То ҳабс Самариддин бо лақаби MarDD сурудҳои реп эҷод карда, дар тиҷорати сохтмон кор мекард ва гоҳ-гоҳ дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат меварзид.

Самариддин айни замон дар даст доштан ба ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи КҶ Русия - иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбати корманди пулис айбдор карда шуда, ба ӯ то 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дастгирии ходимони фарҳанг аз Самариддин

Беш аз 300 нафар аҳли фарҳанги Русия бо талаби қатъи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани иштирокчии “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабов номаи саркушод навиштанд.

Ин мактубро Людмила Улитская, Виктор Шендерович, ҳунарпешагон Яна Троянова, Александр Пал ва дигарон имзо карданд.

Қаблан ҳунарманди маъруфи театру синамои Русия Павел Деревяко дар навори видеои 12-дақиқаӣ таҳти унвони “Озодӣ ба ҳама!” нақши Самариддинро иҷро кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.