Дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо котиби генералии “Интерпол” Юрген Шток масоили ҷустуҷӯйи шахсоне баррасӣ шуд, ки дар кофтукови байнулмилалӣ қарор доранд.

Зимни вохӯрии дирӯза як қатор таклифҳои судманд оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам пешниҳод гардид.

Бино ба иттилои ВКД, ин вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкани “Интерпол” баргузор шуд, ки аз 31-уми октябр то 1-уми ноябр дар Душанбе ҷараён дорад.

Акс аз vkd.tj

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.