Сокини вилояти Суғд барои то ба худкушӣ расонидани ноболиғ ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд: ӯ ба духтар фишор овардаву маҷбур мекард, ки бо вай издивоҷ кунад.

Сокини 27-солаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Умедҷон Ирисқулов дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 109, қ. 2 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидани ноболиғ) айбдор дониста шудааст.

Тавре раиси суди ноҳияи Зафаробод Мирзошариф Ҳоҷизода хабар дод, маҳкумшуда ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 бо духтари ноболиғ, хонандаи синфи 10 Н.Ю. шинос шуда, намегузоштааст, ки ӯ дар чорабиниҳои мактаб иштирок кунад. Ҳоҷизода ба хонаи онҳо омада, ба волидонаш мегуфтааст, ки ба духтарашон гап задан бо дигар ҷавононро манъ кунанд.

“Дар акси ҳол, таҳдид мекардааст, ки аксҳои ин духтари ноболиғро дар интернет гузошта, шармандаву беобрӯ мекунад ва дигар касе дар ҷамоат ӯро ба занӣ намегирад. Вай худаш ба духтар хонадор шуданӣ буд”, - гуфт судя ва илова кард, ки маҳкумшуда доимо озодии духтарро маҳдуд мекардааст.

Дар натиҷа духтар дигар тоқатро аз даст дода, 15-уми апрели соли 2019 даст ба худкушӣ задааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.