Масъулини соҳаи варзиши Конибодомро барои тасарруфи маблағи буҷаи давлат ҷарима карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ медиҳад.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Шарифов В.Д. бо сарвари Муассисаи давлатии варзишии шаҳр Саидов З.Т. ва муовини ӯ Каримҷонов Р.Р. бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва мақсади ғараз маблағҳои аз буҷаи давлат ҷудошударо тасарруф кардаанд. Онҳо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бораи ба мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ба шаҳрҳои Киев (Украина) ва Красноярск (Русия) фиристодани варзишгарон Алӣ Шарифов (бародари Шарифов В.Д.) ва Олимҷон Назиров бо маълумоти бардурӯғ фармоишҳо ба тасвиб расонидаанд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ҷиноӣ ба буҷаи давлат 30522,29 сомонӣ зарари молиявӣ расидааст.

Прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба ашхоси мазкур аз рӯйи моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои "а,б,г" (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Шарифов В.Д., Саидов З.Т. ва Каримҷонов Р.Р. бо ҳукми суди шаҳри Конибодом дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби роҳбарикунанда дар муассисаҳои варзишӣ ба муҳлати 1 сол таъин гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.