Қотил бо ҷабрдидаи худ моҳи ноябри соли 2018 тариқи никоҳи исломӣ оила барпо карда, моҳи марти соли равон ӯро куштааст.

Сокини ноҳияи Вахш Олимҷон Алимов барои куштори ҳамсари ҳомилаи худ ба 22 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи ноябри соли гузашта маҳкумшуда бо сокини маҳаллӣ Суманмоҳ Назарова тариқи шариати ислом ақди никоҳ мекунанд. Дар давоми зиндагонии муштарак байни онҳо нофаҳмӣ ва муноқишаҳо cap мезадааст.

Моҳи март зимни муноқишаи оилавӣ Алимов ҳамсари дуҷонашро буғӣ карданӣ шуда, сипас ба ҷисми ӯ бо корд якчанд маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан ҳалок мешавад.

“Баъдан бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят бо белу каланд фарши яке аз ҳуҷраҳои хонаашро канда, ҷасади ҳамсарашро зери хок мекунад”, - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Зикр мешавдад, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Олимҷон Алимов дар содир кардани ин ҷиноят пурра гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии низомашон пурзӯр ва аз ин 5 сол бо нигоҳ доштан дар маҳбас ҷазо таъин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.