Ду шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июн дар Самарқанд шаш бастаи афюнро фурӯхтанӣ буданд. Тавре хабаргузории Фергана бо истинод ба Департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, онҳо ба 11 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Нашъаҷаллобон ҳангоми чорабиниҳои муштараки Раёсати корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатии вилояти Хоразм боздошт шудаанд. Соати 1:30-и шаби рӯзи 5-уми июни соли 2019 И.У.-и 34-сола ва К.Д.-и 36-сола аз сарҳади Ӯзбекистон мегузаранд. Дар ҷойи барои сӯзишворӣ (бензобак) пешбинишудаи автомашинаи ВАЗ-2110, ки К.Д. идора мекард, 6 бастаи селлофанӣ бо афюн пинҳон буд.

Тибқи фарзияи Раёсати тафтишоти назди Раёсати умури дохилии вилояти Хоразм, онҳо ба шаҳри Самарқанд рафта, афюнро ба маблағи 20 ҳазор доллар фурӯхтанӣ мешаванд, лекин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро пайгирӣ карда, ҳангоми додани бор дастгир мекунанд. Харидор корманди махсус ҷалбшудаи ВКД будааст.

Тавре нашрия қайд мекунад, қочоқи маводи нашъаовар ба Ӯзбекистон маъмулан аз кишвари ҳамсояи Афғонистон сурат мепазирад. Соли 2018 майдони кишти афюн дар ин кишвар 263 ҳазор гектар ва ҳаҷми истеҳсоли афюн 6400 тоннаро ташкил дод.

Маводи мухаддир аз Афғонистон ба Ӯзбекистон тариқи вилояти наздисарҳадии Сурхондарё, Тоҷикистон ва Қирғизистон ворид мешавад. Соли 2018 дар Ӯзбекистон барои содир кардани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 45 нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт ва аз онҳо 1960 кило воситаҳои нашъаовар мусодира шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.