“Нахустин анҷумани Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” имрӯз, 20-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Иштирокдорони анҷуман вазъи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистонро баррасӣ карда, бо таҷрибаи байнулмилалӣ шинос шуданд.

“Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани институти “Пробатсия” натиҷаи мусбат дода, барои татбиқи бештари ҷазоҳои алтернативӣ, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд, мусоидат менамояд. Ин имкон медиҳад, ки шахсони ҷиноятҳои нисбатан сабук содиркарда ба ҷомеа ва ҷабрдидаҳо ҷуброн пардохта, дар муассисаҳои пӯшида адои ҷазо накунанд”, - изҳор дошт Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хадамоти пробатсия 4 сол инҷониб дар Қазоқистон ва аз соли 2018 дар Ӯзбекистон фаъолият карда, шурӯъ аз соли равон дар Қирғизистон роҳандозӣ шудааст.

Умаров ҳамчунин гуфт: “Пас аз имзои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қисми зиёди маҳкумшудагони таҳти амали ин санад қароргирифта аз адои минбаъдаи ҷазо ба тариқи оммавӣ озод карда шуданд. То имрӯз аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмӯъ 10277 нафар маҳкумшудагон озод карда шудаанд, ки аз инҳо 288 нафар занон, 149 нафар ноболиғон, 858 нафар аъзои равияҳои экстремистӣ ва ғайра мебошанд. Дар ин давра нисбат ба зиёда аз 6100 нафар маҳкумшудагон қонуни мазкур дар қисмати кам намудани муҳлати ҷазо татбиқ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд”.
1/32

Дар ин анҷуман наздик ба 200 нафар намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ, ҳамчунин коршиносон аз Норвегия, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш тавсияҳо оид ба таъсиси хадамоти пробатсия ва истифодаи чораҳои алтернативии бе маҳрумият аз озодӣ, пешгирии ифротгароӣ дар муассисаҳои пӯшида ва кор бо маҳбусоне, ки барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ маҳкум шудаанд, инчунин офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани маҳкумшудагон баррасӣ ва пешниҳод шуданд.

“Имрӯз барои Тоҷикистон таърихист – дар ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми маҳбасҳо оғоз шудааст. Дар солҳои оянда чораҳои алтернативии ҷазо, аз ҷумла, дастпонаҳои электронӣ ва 4 марҳилаи хадамоти пробатсия роҳандозӣ мешаванд. Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар доираи амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон барномаҳои офиятбахширо дар муассисаҳои пӯшида барои занон ва ноболиғон роҳандозӣ карда, ба онҳо кумаки равонӣ ва иҷтимоӣ расонидааст. Ҳамчунин дастгирии техникӣ ба гурӯҳи корӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, кормандони муассисаҳои ислоҳӣ омӯзонида шуданд ва маркази нави офиятбахшӣ дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон таъсис ёфт”, - гуфт Азамат Шамбилов, сарвари минтақавии PRI дар Осиёи Марказӣ.

Анҷумани мазкур бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати СММ оид ба мухаддарот ва ҷинояткорӣ баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.