Дар ноҳияи Восеъ ба гумони даст доштан ба ташкил ва нигоҳдории қиморхона сокини 68-солаи деҳаи Кадучӣ Раҷабалӣ Табаров боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар манзили ӯ қиморхонаро ошкор кардаанд.

Гуфта мешавад, Табаров боз чанде аз ҷавонони маҳаллӣ: Ҷовидон Табаров, Сайҷалол Муродов, Кароматулло Неъматулло ва Рустам Давлатовро низ ба бозии қимор ҷалб кардааст.

“Дар ҷойи бозӣ пули 100-сомона, шаш адад пули 20-сомона, 13 адад 10-сомона, як 5-сомона, як 3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд”, - омадааст дар хабари ВКД.

Нисбат ба Раҷабалӣ Табаров мутобиқи моддаи 240 КҶ ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 6 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.