Милитсияи пойтахт танҳо давоми рӯзҳои аз 11 то 18 ноябр 1 ҳазору 570 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо барои аз роҳ гузаштан дар ҷойи муқаррарнашуда ҷарима кардааст.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мутобиқи моддаи 340 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҷойи ҳодиса ба маблағи 6 сомонию 88 дирам ҷарима шудааст.

Дар милитсияи пойтахт қайд мекунанд, ки қонуншиканҳои ашаддии қоидаҳои ҳаракати роҳ дар шаҳри Душанбе пиёдагардон мебошанд.

“Истифода накардан аз гузаргоҳҳои зерзаминиву рӯйизаминӣ ва гузаштани роҳ дар ҷойҳои муқаррарнашуда ё манъшуда ба ҳолатҳои садамавӣ боис мегарданд, ки баъзан худи пиёдагардон аз онҳо осеб мебинанд”, - омадааст дар маълумот.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.