Прокуратураи вилояти Суғд 168 роҳу воситаҳои ғайриқонуниеро, ки тавассути онҳо молу маҳсулот тариқи қочоқ – бе ҳуҷҷат ва пардохти боҷи давлатӣ гузаронида мешаванд, ошкор кардааст.

Дар Шӯрои ҳамоҳангсози прокуратураи вилоят оид ба масоили гумрук сардори сохтори гумруки прокуратураи вилоят М.Пардазода изҳор дошт, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ба қаламрави минтақа маҳсулоти пастсифат ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар постгоҳҳои назоратӣ мақомоти марбута уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд. “Мавҷуд набудани озмоишгоҳ ва мутахассисон барои таҳлили саривақтии маҳсулот ба коррупсия ва ворид шудани маҳсулоти пастсифат боис мегарданд”, - таъкид дошт номбурда.

Ҳамчунин гирифтани гувоҳнома (сертификат) аз “Тоҷикстандарт” низ гарон меафтад, ки ин омил низ ба ришвахорӣ оварда мерасонад.

“Масалан, барои гирифтани гувоҳнома ба маҳсулот ба маблағи умумии 1000 сомонӣ 222 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд, ки ҳатто аз боҷи гумрукӣ хеле гаронтар аст”, - иброз дошт ӯ.

Вай афзуд, ки дар соли 2018 ва 9 моҳи соли ҷорӣ 3733 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи 6,8 млн. сомонӣ ошкор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.