Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз 27-уми ноябр то 1-уми декабр 11 нафар боздошт шуданд. Онҳо бо худ корду кастет ва электрошокер доштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз шаҳрвандон 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт шуданд, чораҳои қонунӣ, аз ҷумла, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва ҷаримаи то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Яке аз дастгиршудагон
Акс аз dushanbepolice.tj

Зимнан аз Абдулло Назриев, соли таваллудаш 1995, зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ 3 адад корд, ҳамчунин аз истиқоматкунандагони пойтахт Зоир Низомов, соли таваллудаш 1984, Неъматҷон Нурбобоев, соли таваллудаш 1992, Муҳаммадюсуфи Сафаралии Аҳмадзода, соли таввалудаш 2001, М.Р. соли таваллудаш 2002, Фаридун Кабиров соли таваллудаш 1997, Б.С. соли таваллудаш 2002 ва Асадулло Қулматов соли таваллудаш 1996 як ададӣ корд дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҳамзамон аз як сокини 15-солаи пойтахт электрошокер, аз Рамазон Азимов соли таваллуд 1996 ва Раҳмони Давлат, соли таваллудаш 2001 донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода як ададӣ кастет дарёфт гардидааст.

Милитсияи пойтахт изҳор медорад, ки то пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза карда, чунин амалиёти мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.